Таҳияи скоринг

Илова бар Скоринги Бюрои Қарзӣ, CRIF Tajikistan инчунин таҷрибаи таҳияи скоринги инфиродӣ барои Муассисаҳои Молиявиро дорад. Ҳангоми таҳия, пеш аз ҳама, талабот ва эҳтиёҷоти фармоишгар ба назар гирифта мешаванд. Барои сохтани скоринг аз тағйирёбандаҳо, алгоритмҳо ва қоидаҳое истифода бурда мешавад, ки дар дохили корти скорингӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Интегратсия

Дар айни замон, Бюрои Қарзӣ ба шарикони худ имконият медиҳад, ки аз захираҳои низом тавассути низоми онлайнӣ (веб-интерфейс), инчунин тавассути канали A2A истифода баранд. Барои муассисаҳои молиявие, ки имкониятҳои пешрафтаи техникӣ доранд, Бюро имконияти ҳамоҳангсозии низоми АБС-и ташкилоти қарзиро бо низоми Бюрои Қарзӣ фароҳам меорад. Ин ҳамоҳангсозӣ имкон медиҳад, ки на танҳо мубодилаи маълумот анҷом дода шавад, балки маълумот дар бораи субъектҳо ва шартномаҳои онҳо низ дар реҷаи вақти воқеӣ нав карда шавад.